АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории корҳои ободонию созандагӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба гузаронидани амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Фархор ҳашари ободониро баргузор намуданд. Дар ин ҳашар беш аз 50 нафар ҷавонони фаъоли ҳизбӣ ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозагию ободонии дохил ва атрофи оромгоҳро анҷом доданд. Дар доираи ин амалиёт илова ба тозагиву ободонӣ дар атроф ва ҷойҳои муайян дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд. Дар ин самт аз ҷониби фаъолон дар даромагоҳи оромгоҳи деҳаи мазкур Дарвоза ва барои обёри намудани дарахтони оромгоҳ як адад обанбор сохта шудааст.