САРБОЗИ ВАТАНЕМ: ҚАСАМ, КИ МАРЗУ БУМАТ ДАР АМОН АСТ!

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Даъвати бахории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Фархор бо шукуҳи хоса, барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, роҳпаймоии ҳарбии ҷавонон, тақдими туҳфаҳо ба даъватшавандагон ва шодию сурур баргузор гардид. Дар чорабинии фархангӣ фаъолони ноҳия, роҳбарони сохторҳои низомӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.Сароғоз аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияия-Раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия-Вализода Муҳаммад суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Тоқикистон дар қатори амнтарин давлатҳои олам ҷойгир аст. Шароит дар Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозону афсарон муҳайё буда, ҷавонони даъватшаванда аз ноҳияи Фархор дар сафи артиши милли қарзи ҷавонмардии худро адо намуда, ҳар ваҷаб сарзамини аҷдодиро дифоъ мекунанд. Барои тарбияи хуб ва ватандустии ҷавонон ба волидони онҳо ибрози сипос арз гардид.Инчунин, волидону даъватшавандагон нутқ карда, эътимод карданд, ки ҷавонони Фархор дар давоми хизмати ҳарби барои Ватан-Модар хизмати садоқатмандона мекунанд.