ИСТИФОДАИ САМАРАНИКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти охири хеш ҳушдор дода буданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин ниҳоят муҳим мебошад.

 Вазорати кишоварзӣ дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳоро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба анҷом расонид. Имрӯз дар ноҳия дар КУмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо идораи кишоварзии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба вусъат додани иҷрои дурнамои кишт ва тавсияҳои олимони соҳа оид ба захираи маҳсулотҳои аввалия, ки дар кишти асосӣ ва такрорӣ гузаронида мешавад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.Дар робита ба ин масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз кишту корӣ анҷомдодаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №4” дидан намуданд, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади  ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба кор хоҳанд дод.