Корҳои тарғиботӣ дар масъалаҳои мубрам.

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31.03.2023 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш намуданд.Зимни суҳбат бо аҳолӣ оиди солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист махсусан дар фасли баҳор маслиҳатҳои муфид доданд.  Ҳамзамон масъулин дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ низ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда ба сокинон шарҳ доданд.