“ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ – ИФТИХОРИ МАН” ИДОМА ДОРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар барқияи №1/2-33 аз 05.05.2021 оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намуданӣ мавҷудиятӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҳолати шаҳодатномаҳои ҳизби ва ҳаракати аъзои ҳизбро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳайёти солим”-и ноҳия дидан намуданд.Зимни санҷиш маълум намудем, ки ҳамаи аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ буда, аммо бархе аз онҳо дар тули панҷ сол аз қайд гузаронида нашудаанд. Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад баъзе камбудиҳо ҳоло низ ҷой доранд, ки оиди бартараф намудани онҳо дастур дода шуд.