ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Зери ҳамин маҳфҳум таърихи 28 – уми марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 мулоқоти мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо хонондагни сифҳои болоии муассисаи мазкур доир карда шуд. Зимни суханрони нотиқон оид ба мавзӯи болозир ҷунин ибрози андеша намуданд, ки аз қадимул айём хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмард қарзи мардонагӣ маҳсуб меёфт. Зеро ҳар як аскарони матинирода танҳо ба як ҳадаф бо мақсади сарнагун сохтани қувваи душман аз мулки худ ба хизмати ҳарбу зарб ворид мегардиданд. Ҳар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони ватандўсти миллати куҳанбунёди халқи тоҷик бо шунидани ҳаёту саргузашти имрўзаи хизмати ҳарбиро аз рафиқону ҳамсолони худ, дар якҷоягӣ зери шиори «Хизмат ба Ватан шараф аст!» чун аскарони шуҷоъ баҳри ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан бо як иродаи қавӣ ба мактаби мардонагӣ сафарбар мешаванд. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо ҷавонони мо дар такя бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарки амиқи хеш чун пайравони Пешвои миллат вобаста ба синну соли даъват ба хизмати ҳарбӣ бо як ифтихормандӣ аз ин давлати биҳиштосо ва ҳамешасабз ба хизмати Ватан роҳсипор гардидаитодаанд. Тайи солҳои охир хизмати ҳарбӣ дар қисмшои низомӣ, умуман дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати солҳои начандон дур хубтару беҳтар гардидаистодааст. Зеро агар солҳое чанде пештарро пеши назар оварем, таъминоти моддӣ ва ё озуқавории хизматчиёни ҳарбӣ дар сатҳи паст қарор дошта буд, имрўз бошад, ин ҳолат дар кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошта, ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ шароитҳои мусоиди моддиву таълимӣ ва техникӣ фароҳам оварда шудааст. Имрўз,ки мо дар ин Ватани ободу осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар бурдаистодаем, хизматчиёни ҳарбӣ баҳри оромии диёри азизи хеш хизмат.

Ҳамзамон дар фарҷоми чорабини ба ғолибони мусобиқаҳои баргузорнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бахшида ба идҳои баҳорӣ Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроия дар вазъияти тантанавӣ супоридп шуданд.