“ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ОЛАМ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №2” Конференсияи илми – назариявӣ дар мавзӯи Тоҷикистон ташаббускори ҳифзи пиряхҳои оламбаргузор карда шуд. Дар кори Коференсия ҳамзамон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, устодон ва шогирдони муассиаҳои таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.Зимни суханронӣ муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об дар сайёраи  замин дар ҷойи аввал меистад. Ва ин обруву нуфузи кишвар ва миллати мо мебошад. Имсол низ пешниҳоди 5-уми Тоқикистон бо хушнудӣ ҳамчун кишвари башардусти олам пазируфта шуд. Ва аз ин баъд рузи 21-март ҳамасола дар ҷаҳон Рузи ҳифзи пиряхҳо ҷанш гирифта мешавад. Хеле хурсандибахш аст, ки дар ин руз ҳам ба муносибати Навруз ва ҳам ташаббусҳои Тоҷикистон дар олам  конференсиҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҷаҳонӣ доир мегардад. Солҳои охир оид ба тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои нохуши он ба мардуми сайёра зиёд сухан меравад. Ин масъала таваҷҷӯҳи роҳбарони кулли мамолики оламро ба худ кашидааст. Роҷеъ ба ин масъалаи хеле муҳим пайваста нишасту конфронсҳо баргузор шудаистодааст. Давоми даҳ соли охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян аз фаъолияти инсон вобаста аст, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. Пажӯҳиши чандсолаи мутахассисону коршиносон дар саросари олам возеҳ менамояд, ки таъсири манфии тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар сайёра мебошад. Президенти мамлакат вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим дар паёмҳои худ таъкид мекунанд.