КУМАК БА ДИДБОНГОҲ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили ҷашни балналмилалии Наврӯз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ибтидоии "Гулшан" ва "Ҳисор" дар дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ ҶТ дар деҳаи Шараф бо сарбозон вохурӣ намуда, бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор афсарону сарбозонро табрику таҳният намуданд. Ба ифтихори ҷашни Наврӯз ба онҳо маводи ғизоии идона расониданд.