БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18.03.2023 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни  Наврӯзи байналмиллалӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Фархор  дар  назди биноҳои маъмурӣ  шанбегӣ  дастаҷамъона баргузор намуданд. Дар ин рӯз аъзоён, фаъолону ҳизбиён барои тоза намудани гирду атрофи биноҳои  маъмури аз алафҳои бегона ва нарм кардани бехҳои дарахтону гулҳои ороишии   назди биноҳои  корӣ  камари ҳимат баста, инчунин дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои хиёӣону роҳравҳоро сероб намуданд.  Минбаъд корҳои созандагӣ идома дода мешавад.  ки баҳри тозагию ободонии ноҳия саҳми арзанда гузоранд.