МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИСТИҚБОЛИ “РӮЗИ ПИРЯХҲО”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 марти соли ҷорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Рӯзи пиряхҳо бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Арча” ҷорабинии тантанавӣ дар мавзуи “Тоҷикистон ташаббускори ҳифзи пиряхҳои олам” баргузор карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арча” зимни суханронӣ иброз доштанд, ки солҳои охир оид ба тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои нохуши он ба мардуми сайёра зиёд сухан меравад. Ин масъала таваҷҷуҳи роҳбарони кулли мамолики оламро ба худ кашидааст. Роҷеъ ба ин масъалаи хеле муҳим пайваста нишасту конфронсҳо баргузор шуда истодаанд. Давоми даҳ соли охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян аз фаъолияти инсон вобаста аст, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. Пажӯҳиши чандсолаи мутахассисону коршиносон дар саросари олам возеҳ менамояд, ки таъсири манфии тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар сайёра мебошад.

Ҳамзамон, масъулини ҳизб дар баромадашон роҷеъ ба мавзуи болозикр иброз доштанд, ки тавре, ки ҳамаи мо медонем, Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об дар сайёраи  замин дар ҷойи аввал меистад. Ва ин обруву нуфузи кишвар ва миллати мо мебошад. Имсол низ пешниҳоди 5-уми Тоқикистон бо хушнудӣ ҳамчун кишвари башардусти олам пазируфта шуд.

Ва аз ин баъд рузи 21-март ҳамасола дар ҷаҳон Рузи ҳифзи пиряхҳо ҷанш гирифта мешавад. Хеле хурсандибахш аст, ки дар ин руз ҳам ба муносибати Навруз ва ҳам ташаббусҳои Тоҷикистон дар олам  конференсиҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҷаҳонӣ доир мегардад.

Инчунин зикр гардид, ки дар замони муосир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим яке масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, таъсири он ба қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ҳавзаи дарёҳои фаромиллӣ ба таври  васеъ мушоҳида шуда истодааст. Тез - тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ: физикон, химикҳо, биологҳо, географҳо, экологҳо ва дигар коршиносонро зарур аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, тадбирҳои паст кардани таъсироти антропогенӣ ба иқлим, зиёд кардани ҷангалзорҳо, сабзкорӣ, беҳдошти саломатии ҷомеа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро андешанд.