ТАЪМИРУ СОХТМОНИ МАКТАБҲО ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и Ҷамоати деҳоти Ватан бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ сохтмони  мактаб дар тарҳи замонавӣ  идома дорад, то имрӯз алакай  ҳамаи ошёнаҳои бино омода шуда, кор дар  муассиса  рафта  истодааст. Ин амали хайр дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва имли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят роҳандозӣ шуда истодааст.