ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Себи сурх” бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди деҳаи мазкур корҳои ободонӣ баргузор карда шуда истодаанд.

Ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз ба ҳашари дастаҷамъона баромада, корҳои зеринро аз қабили тоза намудани ҷӯйборҳои ҳудуди деҳа, азнавсозии деворҳои валангоршуда, сангфарш намудани роҳҳои ҳудуди деҳа ва амсоли инҳоро ба иҷро расониданд.