КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки  ҳар қитъа заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо кишоварзони ноҳия алал хусус бо роҳбари хоҷагии деҳқонии  “Бухоро” Юсупов Қиёмиддин мулоқоти судманд  анҷом доданд.Номбурда аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Фархор буда ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади  ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба кор хоҳанд дод.