БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 –и ноҳия бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ идона доир карда шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок ва суханронӣ намуданд.Нахсут дар чорабинӣ директори муассисаи мазкур суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику  таҳаният намуда, суханро ба намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб доданд.Номбурда зикр дошт, ки Наврӯз чун таҷассумгари ваҳдати инсону табиат ба раванди таҳкими иттиҳоду дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳову кишварҳо мусоидат мекунад. Соли 2009 ин ид ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО ворид гардид. Бо назардошти он, ки фалсафаи Наврӯз инсониятро ба некию хайрхохӣ, хидмати созанда, таҳаммулпазирӣ ва якдигарфаҳмӣ фаро мехонад, 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон ва бархе аз дигар давлатҳои аъзои Маҷмаи умумии СММ 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз эълон кард. Ба ин тартиб, шуруъ аз соли 2011 иди байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва 21 март рӯзи истироҳат аст.Наврӯз ба маънои рӯзи нав ва рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор аст.  Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамчун аввалин рӯзи баҳор яке аз бузургтарин ҷашнҳоест, ки соле як маротиба аз Балкан дар Аврупо гирифта то Чини ғарбӣ таҷлил мегардад.  Бо омадани баҳор ва оғози гармӣ пас аз рафтани сардиҳои зимистон, табиат зинда шуда, дубора худро ороиш медиҳад. Наврӯз ин таҷассуми эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт, умед ба зиндагӣ ва ҳосили фаровони сол аст. Тибқи суннати ниёгон, мардуми мо пеш аз фарорасии Наврӯз хонаву кошонаи худро тоза намуда, барои пухтани таомҳо ва шириниҳои хосси наврӯзӣ омода мешаванд. Дар рӯзҳои Наврӯз ба дидори якдигар рафтан ва ҳамдигарро табрик гуфтан басо гуворост. Қадимиён бар ин бовар буданд, ки дар айёми Наврӯз фариштагоне аз осмон барои овардани бахту саодат ва фаровонӣ ба замин фуруд меоянд, вале онҳо ба хонаҳои номуназзаму ифлос ва низ хонаҳое, ки дар онҳо сулҳу дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад, ворид намешаванд. Маҳз аз даруни ҳамин гуна бовару эътиқод муҳимтарин ойини наврӯзӣ - тоза кардани хонаву атроф ва оштикунии душманону бадбинон маншаъ гирифтааст.