МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои мақомотҳои болоии ҳизӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ як зумра ташаббусҳои ободонӣ рӯйи кор омада, ҳусни ноҳияро боз ҳам зеботар менамояд.    Дар ин замина бо саҳми масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди бинои корӣ корҳои ободони ба роҳ монда шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 13 – марти соли ҷорӣ кормандони ҳизби дастаҷаъмона ба ҳашар баромада чуйҳои обгузари ҳудуди идораро тоза намудаанд, зиёда аз 100 адад гулҳои садбарг шинониданд.Мавриди зикр аст, ки гулҳои зикргардида ба шароит ва иқлими кишвари мо ва минтақи Фархор мутобиқ буда,  бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” роҳандози шуда, дар хиёбону роҳрав, гулгаштҳо шинонида шуда, ба ҳусни шаҳрак ҳусну зебоии дигар зам мекунад.