КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БОЗОРИ МАРКАЗӢ”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша - чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори марказӣ” оид ба баргузории корҳои ободонӣ бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди Бозори марказии ноҳия корҳои азнавсозии роҳравҳо ва сафолакпуш намудани онҳо амали шуда истодаанд.Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз зиёда аз 50 метр роҳравҳои дохили муассиса сафолакпуш карда шудааст. Ҳамзамон масъулин мақсад доранд, то ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ корҳои банақшагирифтаашонро бо сифати баланд ба инҷом расонанд.