ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Фархор бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи дӯзандагии “Машҳур тиҷорат” мавридиистифода қарор дода шуд. Дар ин корхона 25 нафар коргарони маҳаллӣ-занону бонувон дар як баст ба кор таъмин карда мешаванд.  Дар коргоҳ  либосҳои мардонаву занона аз ҷумла шиму костюм барои мактаббачагон, либосҳои фармоишии ягона барои корхонаҳои алоҳида, сару либоси низомӣ, либосҳои гуногуни ороишию фарҳангӣ барои бонувон духта мешавад. Зимнан баробари кормандони тахассуси духтарони ҷавон низ ба омӯзиш ҷалб гардида, нозукиҳои касби дузандагиро дар бахшҳои алоҳида аз худ менамоянд.