ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ САНОАТИКУНОНӢ МАМЛАКАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои созанда ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар минтақаи саноатии шаҳраки Фархор корхонаи истиеҳсоли макарон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхонаи мазкур бонувони хонашин ва кормандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, шаш намуд маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда мешавад. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Маҳмудов Суҳроб бунёд гардида, бо ҳузури сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон-Давлаталӣ Саид ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Раиси ноҳия - Зариф Назирӣ ба истифода дода шуд.