САНГФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ДЕҲОТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем” дар деҳаи Меҳровари Ҷумоати деҳоти Ватан бо карбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳровар” Назаров Саймумин, ки ҳамзамон раиси Кумитаи маҳалла мебошанд, ҳамаи сокинон ба ҳашар баромада, корҳои сангфаршкунии роҳи байни деҳаро идома доданд. Дар ин корҳои хайру савоб саҳми сокинони деҳаи мазкур бениҳоят назарас буда алакай дар масофаи зиёда аз 7 км роҳҳои байни маҳалларо сангфарш намуданд.  Муносиби тазакур аст, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамдастӣ бо дигар фаъолони ҳизби дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома бахшида мешавад.