ҲАШАРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизби оид ба баргузории шамбегиҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба ҷалби фаъолони ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи муассисаро тозаву озода намуда, бехҳои дарахтонро нарм, роҳравҳоро рубучин, гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабзро батартиб дароварда, ҷуйборҳоро тоза намуданд.