РОҲСОЗӢ - САВОБИ ҶОРИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доира нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳия сокинони деҳаи Меҳровар, ки ҳамагӣ аъзои ташкилоти ибтидоии “Меҳровар” мебошанд, бо корбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур ба ҳашар баромада, роҳи байни деҳаро бо саҳмгузории сокинони маҳал ба масофаи зиёда аз 2,5 км сангфарш намуданд. Ҳамзамон, ният доранд, ки корҳои чароғонкуниро низ роҳандозӣ намоянд.