ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 корҳои ободонӣ баргузор карда шуд. Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз зиёда аз 500 адад гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ ва 70 адад дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда шинонида шуданд. Чунин корҳои ободони дар ташкилотҳои ҳизбии дигари ноҳия низ идома доранд.