ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛҲОИ ОБГУЗАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо дастури бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ноҳия бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байнанмилалӣ корҳои ободони хуррамгардонӣ бо тариқи ҳашарҳои дастаҷаъмона рафта истодааст. Дар ин ҳашарҳо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона ширкат намуда, корҳои зеринро аз қабили тоза кардани каналу заҳкашҳо бо ҷалби техникаҳои зарурӣ, нарм намудан ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва ва ғайраро анҷом дода истодаанд.