ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зебониссо”-и деҳаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳия бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ корҳои ободони роҳандози карда шуд. Бо ташаббуси бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Турдиназаров Акбар, ки ҳамзамон директори муассисаи таълимии №61 ноҳия мебошанд дар назди бинои кории муассисаи мазкур бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари идона баргузор шуд, ки масъулин дар ин ҳашар ба шинонидани зиёда аз 50 адад дарахтони ҳамешасабз ва 150 адад гулҳои ороишӣ камари ҳимат бастанд.