КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОҒЧАИ №1”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №1” бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз ва иҷрои бандҳои алоқаманди нақшаи корӣ корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.  Дар ин рӯз масъулин ба шинонидани гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва тоза нмудани гирду атрофи муассиса камари ҳимат бастанд.Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб зиёда аз 300 адад гулҳои ороиши ва 50 адад дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда шинонида шуданд, ки ин боз ҳам ҳусни муассисаро зебу зинат мебахшад. Чунин корҳои ободони дар ташкилотҳои ҳизбии дигари ноҳия низ идома доранд.