СОХТМОНҲОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон ҳамзамон бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода айни замон корҳои сохтмону азнавсозии синфхонаҳои иловаги дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо ҷалби шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли ҲХДТ бо маром идома доранд. Сохтумчиён ният дорад, ки то оғози соли нави хониш сохтмонӣ синфхонаҳоро пурра ба анҷом расонанд. Барои анҷом додани корҳо тамоми шароит мусоид карда шуда, сохтмончиён бо хуроки гарм таъмин мебошанд.