АЙЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати қадршиносии собиқадорони ҷонгу меҳнат, шахсони якаву танҳо ва ниёзмандон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар арафаи Рӯзи Модар ба айёдати собиқадори меҳнат Сафарова Майдагул рафтанд.Кормандони ҳизби табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархорро бахшида ба Рӯзи Модар ба модари заҳматкашу ғамхор иброз намуда, аз ҳолу авҳолашон хабардор шуданд. Ногуфта намодан, ки ин шахсият ғолиби озмуни вилоятии “Кишоварзи беҳтарин” низ гаштааст, ки бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қадршиноси карда шудааст.