НАМОИШИ ҲУНАНҲОИ МАРДУМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашнҳои баҳорӣ бо корбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳошияи баргузории чорабинии идона бахшида ба "Рӯзи Модар" намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таҳти унвонӣ “Тоҷикона мепушем” намоиши сару либоси миллӣ доир карда шуд. Дар ин намоишҳо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуда, дар назди ҳозириш тарзи истифодаи либосҳои тоҷиконаро намоиш доданд.Ҳамзамон фаъолон бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор сарфароз гардонида шуданд.