БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАТ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия соатҳои сиёсӣ баргузор шуда истодаанд. Чунин як соати сиёсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бо иштироки масъулини ҳизб ва шуъбаи маорифи ноҳия доир гардид.Дар мулоқот нотиқон маърузаҳои худро дар мавзуи тарбияи ҳарби ватандӯстии ҷавонон қироат намуда иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар баробари бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо мақсади ташаккули инсони фаъолу созанда силсилаи ҳуҷҷатҳои бунёдиро аз қабили «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тасвиб дод, ки он иқдоми беҳтарине барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву миллатпарастӣ маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошад ва дар назди омӯзгорон вазифаҳои умдаро ба пеш мегузорад. Ин намуди тарбия фаъолияти бисёрсамта, бонизом бомақсад ва бо ҳам мувофиқи идорахои давлатӣ, сохтор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ташаккули шуури ватанпарастӣ, ҳисси садоқат ба Ватан равона карда мешавад. Тарбия ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
-омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки он дар дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад. Ин самти тарбия бештар дар ҳамгироӣ бо унсурҳои тарбияи худшиносӣ ва хештаншносӣ амалӣ карда мешавад.