СОАТИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 25 – феврали соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор карда шуд. Дар соати сиёсӣ омӯгорон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуда, дар мувзӯи “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлоии Тоҷикистон” баромад карданд. Ҳамзамон ҳуфта шуд, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Дар чунин шароити ниҳоят вазнин Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшида, миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами сулҳи тоҷиконро меомӯзад.Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсионӣ пойтахти мамлакатро бо бунёди роҳҳои ободу бехатар ба чор қитъаи Тоҷикистон пайваст.Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.