ДАРСИ ПАНДУ ҲИКМАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       ДАРСИ ПАНДУ ҲИКМАТ

Дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор карда шуд. Дар соати сиёсӣ омӯгорон дар мувзӯи “Танзим баракати зиндагӣ” баромад намуда иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад. Дасту дили зертобеъон, муроҷиаткунандагон аз чунин рафтору гуфтор, муомилаҳо сард мегардад. Дар натиҷа майдони бемайлони таассубкорӣ, ифротгароӣ, рў овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод сар мезанад. Чунки фарҳанги маънавӣ фарогири шуур, донишу маърифат, ахлоқ, тарбия, ҳуқуқ, фалсафа, эстетика, этика, илм, санъат, адабиёт, асотир ва дин мебошад. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тўли фаъолияти дуру дарози таърихи худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд, ки аз рўи маънию моҳият ҳаммаъно мебошанд. Маданият маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрванд буданро ифода менамояд.