СОАТИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №1

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 – феврали соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда  дар мавзӯъи “Таҳкими пояҳои маънавию сиёсии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.  Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур иштирок доштанд, омӯзгорон, роҳбарони шӯрои кор бо занон ва ҷавонон ва шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор.Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр маърӯзаҳои худро дар назди хонандагон қироат намуданд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намуданисанадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ 12 –уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузошта буданд: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.