МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДЕҲОТИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо иштрироки бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар ҳудуди ноҳия корҳои ободанию хурамгардонӣ бахшида ба таҷлили созовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид. Чунин як ҳашари ниҳолшинонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фархор бо иштироки имомхатибон масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор карда шуд. Дар ин рӯз зиёда аз 500 адад дарахтони ороиши ва ҳамешасабз ва ғайра шинонида шуданд.