23 – ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории ҷорабинии идона бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” ва “Ҷамоати деҳоти гулшан” барои афсарон ва аскарони Блокпости сарҳадии №8 мустақар дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқад дастархони идона барпо намуданд.Ҳамзамон дар ҷорабини намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Курбонов Бобоҷон низ иштирок доштанд, ки табрикоти раиси ноҳияи Фархорро ба муносибати рӯзи таъсисёӣии Артиши миллӣ ба сарбозони шуҷои Ватан расониданд.Зимни суҳбат иброз доштанд, ки аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд.Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 30 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми шарафманди кишварро ба муносибати 30 – юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳаният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо шодию хурсандӣ ва осмони софу беғабори кишварро таманно дорад. Бигузор Тоҷикистони ҷоно ҷони мо зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зеботару шукуфотар гашта, сулҳу суботи миллӣ абади бимонад.