РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МУБОРАК

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Фархор 

Бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия санаи 23 – феврали соли ҷорӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан содиқем” бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроия Раҳимова Маъмурбӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар ин аксия аз тарафи масъулин варақаҳои таблиғоти ва брошураҳо табрикотӣ тақсим карда шуданд.