САҲМИ АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ОБЁРИИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати тоза намудани каналу заҳбурҳои ҳудуди ноҳия бо корбарии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маданият” ва раиси Кумитаи маҳаллаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи  Фархор корҳои тоза карданӣ каналҳои обгузар шурӯъ гардида аст. Масъулин бо истифода аз техникаҳои зарурӣ дар масофаи 4 км канали асосии обгузари деҳаро, ки қисми зиёди аҳолӣ ва заминҳои хоҷагидорон аз он обёрӣ мешаванд аз тагшинҳо тоза кардаанд. Иқдоми пешгирифтаи сокинони сарбалани деҳаи Маданият то аввалҳои фасли баҳор идома дошта мақсад доранд, ки ҳарчи зудтар чую заҳкашҳоро таза кунанд.