ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛҲОИ ОБГУЗАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо ташаббуши ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ҷиҳати тоза намудани каналу заҳбурҳои ҳудуди ноҳия корҳои тоза намудани каналҳои обгазари ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор шурӯъ гардида аст. То имрӯз масъулин дар масофаи 3 км канали асосии обгузари ноҳияро ки қисми зиёди он дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор қарор дорад аз тагшинҳо тоза кардаанд. Ҳамзмон зимни суҳбат раиси Ҷамоати шаҳраки Фархор Раҳимзода Валихон иброз доштанд, ки дар рӯҳои наздик таза намудани каналу новаҳои бетонии ҳудуди ҷамоатро бо анҷом мерасонанд.