НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКТ” озмуни намоиши ҳунарҳои дастии донишҷуёни Литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Фархор доир карда шуд. Дар озмуни мазкур Мудири шуъбаи Кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурби ва мудири Шуъбаи Кор бо занон ва оилаи мақолоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шукурова Зарагул иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ масъулин қайд карданд, ки дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд доранд, ҳатто бархе аз онҳо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз рўи усули анъанавии миллии‚ устод-шогирд шогирдон тарбия меёбанд.Ин усул яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудан мумкин аст. Дар замони мо як қатор амалҳое, ки пештар дастӣ иҷро мешуданд, тавассути компютерҳо тарҳрезӣ мешаванд. Бешубҳа, хуб аст, ки донишҷўён аз дастовардҳои ҷаҳони муосир бархурдор мегарданд, аммо фаромўш набояд кард, ки ҳунари анъанавии тоҷикон аз куҷо сарчашма гирифтааст ва корҳои эҷодии ҳунармандон бо кадом технология офарида мешаванд. Гузашта аз ин, донишҷўён бояд аз анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ – кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд.