ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15 – феврали соли равон дар ташкилоти ибтилоии ҳизбии “1 - май”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо саҳмгузории аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизб сангфаршкунӣ дар ҳудуди деҳаи 1 - май идома дода шуд. Дар ин рӯз ҳамаи сокинон сарҷаъмона ба ҳашар баромада зиёда аз 5 км роҳҳои ҳудуди деҳаро сангфарш намуданд. Масъулини ташкилоти ибтидоии мазкур дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи маҳалла иқдом гирфтаанд, ки минбаъд низ карҳои ободониро бо саҳмгузории шахсони саховатманди деҳа роҳандозӣ намуда, бо ин васила саҳми арзандаи худро дар ободии як гушаи диёри азизамон гузоранд.