ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 14 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ташаббуси навбатии ҳизбӣ аз тарафи  хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 –и ноҳияи Фархор дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” бо корбарии директори муассиса Файзулоев Ҷамшед, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии “Аловуддин” мебошанд ба 6 нафар хонандагони имконияташон маҳдуди муассисаи таълимӣ, ки дар хона тариқи фосилавӣ таълим мегиранд кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

       Хатмкунандагони боору номус ва ватандӯсту маорифпарвари ин даргоҳ дар оянда низ ният доранд, ки дар ҳама мушкилоте, ки дар муассиса ба миён меояд дасти ёрӣ дароз намоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои ҳизбӣ изҳори сипосу миннатдории самимонаи худро мерасонад.