МУЛОҚОТ БО АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо аъзои фаъоли ин ташкилот дар мавзӯи тарбияи ҳарби ватандустии ҷавонон мулоқот баргузор карда шуд.Зимни суханронӣ масъулин оид ба мавзуи болозикр иброз доштанд, ки замони истиқлолият давраи сифатан нави фаъолияти ҷавонон ва наврасонро дар самти таҳким бахшидани пояҳои маърифативу ҳуқуқӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тарбия намудани шахсиятҳои донишманду ватандӯст вазифаи аввалиндараҷаи маориф ва созмонҳои идеологӣ ба шумор меравад. Ба хусус, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар баробари бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо мақсади ташаккули инсони фаъолу созанда силсилаи ҳуҷҷатҳои бунёдиро аз қабили «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тасвиб дод, ки он иқдоми беҳтарине барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву миллатпарастӣ маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошад ва дар назди омӯзгорон вазифаҳои умдаро ба пеш мегузорад. Ин намуди тарбия фаъолияти бисёрсамта, бонизом бомақсад ва бо ҳам мувофиқи идорахои давлатӣ, сохтор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ташаккули шуури ватанпарастӣ, ҳисси садоқат ба Ватан равона карда мешавад. Тарбия ватанпарастӣ дар асоси самтҳои зерин ба роҳ монда мешавад:-омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзишу суннатҳои он, ки он дар дарк намудани хусусиятҳои маърифатии сарчашмаҳои илмию таърихӣ, инкишофи маданият, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсиятҳои маъруф, омӯзиши таърихи ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули сифатҳои масъулияти ҳарбӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баҳри ҳимоями ватани худ аз хатархои берунӣ, дарки хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаву суннатҳои мардуми худ ифода меёбад. Ин самти тарбия бештар дар ҳамгироӣ бо унсурҳои тарбияи худшиносӣ ва хештаншносӣ амалӣ карда мешавад.