ОЗМУНИ ВАТАНПАВАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия оид ба тарбияи ҳарбӣ – ватандустии ҷавонон ва иҷрои бандҳои алоқаманди наақша – чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии мазкур озмуни “Ватанпарвар” роҳандози шуда истодааст. Бо иштироки масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 озмуни “Ватанпарвар” баргузор карда шуд. Дар ин озмун хонандагон маҳорату дониши худро дар самти дифои ҳарбӣ намоиш доданд. Беҳтаринҳо бо Сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадрдони карда шуданд.

Ҷунин озмунҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда мешавад.