ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо иштрироки бевоситаи аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар ҳудуди ноҳия корҳои ободанию хурамгардонӣ бахшида ба таҷлили созовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид. Ҳамчунин дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор маъракаи ниҳолшинони оғоз карда шуд, ки дар он масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Аз тарафи масъулин ниҳолҳои гуногун аз қабили павлония, сузанбарг ва ғайра шинонида шуданд.