ШАМБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 феврали соли ҷорӣ дар асоси дастуру суроришҳои раиси ноҳияи Фархор ва ҳамзамон дар доираи иҷрои дастури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузор намудани аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ободии диёр мароми мост” бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди бинои кории кумитаи иҷроия ва Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ҳашарҳои дастаҷамона баргузор карда шуданд.  Дар ин ҳашарҳо корҳои нарм намудани замин, тоза намудани гулгаштҳо аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон, тоза кардаги новаҳои бетонии назди коргоҳ ва ғайра ба иҷро расонида шуданд.