ХОНИШИ СОАТИ СИЁСИ ДАР МТУ №59 БАРГУЗОР ГАРДИД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Таърихи 28-январи соли 2023 соати сиёсиро ҷонишини директори муассисаи таълимӣ ифтитоҳ бахшида, муҳтавои онро ба аҳли нишаст ошно намуд. Сипас  ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59   Маҳмудҷони Икром дар мавзӯи  “Паёми Президенти кишвар раҳнамои фардои босаодат” хониши соати сиёсиро идома бахшид.   Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур омӯзгорон, роҳбарони синфҳои болои ва ҷавонон   иштирок доштанд.  Зикр шуд, ки Паёми Президенти мамлакат ба вакилони Маҷлиси Олӣ  ва ба ин восита барои ҳар ҳамватан ва сокинони кишвар пайғоми фараҳфзо ва барномаи муккамали давлатдорӣ барои як соли оянда маҳсуб мегардад. Дар заминаи Паёми Президенти кишвар дар бахши маориф озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Консепсияҳои соҳавӣ ва Барномаҳои махсуси ояндабинона рӯйи кор омада ба манфиати ҳар шаҳрванди Ватан амалӣ мешавад. Дар ин самт бобати тарбияи ҷавонони ватандӯсту худшинос, соҳибкасб, рақобатпазир дар бозори меҳнат ва ҳамсоли ин дастурҳои судманд пиёда мегардад. Ҳимояи марзу буми Ватан, муқаддас нигоҳ доштани сарзамини аҷдоди, таъмини амният ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб,  ҳифзи манофеи миллӣ, фарҳанги миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва суботи сиёсӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият бахшҳои алоҳида дурнамои рушди маънавию фарҳангии Паёми Президенти кишвар барои саодати фардои миллат мебошад. Ба шунавадагони хониши соати сиёсӣ таъкид шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар соҳибкасб гардида, омӯзиши забонҳои хориҷиро хуб аз бар намоянд ва ҳамчун ҷавонони содиқи Ватан дар ҳифзи марзу бум, рушду шукуфои ва бунёдкории давлату миллат саҳмгузор бошанд.