СОАТИ СИЁСӢ: Вазъи сиёсии ҷаҳон, бархурди тамаддунҳо ва манофеи сиёсӣ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фархор бо иштироки  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор-Вализода Муҳаммад, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия-Мирмадиева Арафамо ва дигар масъулин хониши сиёсӣ баргузор гардид.Сароғоз Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирмадиева Арафамо дар мавзӯи  “Риоя ва татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумшурии Тоҷикистон”, суханронӣ намуда, афзуд, ки масъулият ва рисолати ҳама волидону омузгорон аст, ки бо риояи қонунҳои милли дар тарбияи ватанпарастӣ ва сарфаву сарриштакори ҳидоят намудани ҷавонону фарзандон саҳми муносиб гузорем. Дар руҳияи  меҳанпарастиву худшиноси, тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа вазифаи аҳли ҷомеа ва зиёиёну фаъолон ҳаст. Сипас Вализода Муҳаммад роҷеъ ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ҳарф заданд. Тазаккур дода шуд, ки бартариҷуи ва мусаллаҳшавии доираҳо ва кишварҳои алоҳида, инчунин доман паҳн кардани гуруҳҳои терористиву экстремисти ҳаёти инсонҳоро дар сайёра зери хатар овардааст. Аз суйи дигар доираҳои алоҳида тавасути интернет ҷавононро саргарми барномаву ақидаҳои ифротии худ қарор дода ба гумномию гумроҳи мекашанд. Ба шунавандагони соати сиёсӣ таъкид карда шуд, ки дар истифодаи телефон ва сомонаҳои иҷтимоӣ ҳушманд ва эҳтиёткор бошанд. Ҳамзамон роҷеъ ба тарбияи ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳи, рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарби ва манфиати он ба худи ҷавонону давлат, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, мустаҳкам кардани пояҳои моддию маънавии истиқлолият ва якпрчагии сарзамин таъкид шуд. Дар охир шунавандагони хониши сиёсӣ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд ва муколамаи хотирмон доир шуд.