БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МАКТАБИ МАН ДАР МТМУ №25

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 январи соли ҷорӣ  ҳамзамон бо  иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва Шуъбаи маорифи ноҳия дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №25 амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон мактаби ман низ баргузор гардид.  Дар он рафти корҳои анҷомдодашуда дар синфхонаҳои иловагие, ки бо саҳми Асосиатсияи падару модарон дар доираи аксияи ҳизбии “Мактаби ман” сохта шуда истодааст, муҳокима карда шуда, доир ба нақшаҳои дар пешистодаашон суҳбат намуданд.