ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲАИ ФАЙЗОБОДИ НОҲИЯИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дустуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама фаъолони ҳизбӣ, соҳибкорону саховатмандон дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ҳамдилу ҳамдаст бо ҳам дар рушду нумуи давлат ва кишвар саҳми муносиб гузошта истодаанд.Дар ин росто бо ташаббуси аъзоён ва  фаъолони ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии “Файзобод” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаи Файзобод беш аз 2,5 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта сангфарш  карда шуданд.   Фаъолони ҳизбӣ, мутахассисони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ ва роҳнамоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба корҳои созандагию ободонӣ баромада, роҳҳои  маҳаллиро таъмири ҷорӣ намуда, сангфарш намуда, дар татбиқи барномаи ҲХДТ самҳ гузоштанд. Чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи ҳизбӣ идома доранд.