ДАРСИ ПАНДУ ҲИКМАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 – октябри соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №59 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор карда шуд.Дар соати сиёсӣ намояндаи кумитаи иҷроия дар мавзуи “Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир” баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис доданд ва ин намояндагиҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза бо вуҷуди он, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасидааст, аммо онро ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад.