СОАТИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда оид ба баргузории амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор карда шуд. Дар соати сиёсӣ маърӯзачиён аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуда, мувзӯи суҳбат “Тарбияи ҳарби ватандӯстӣ миёни ҷавонон”.Зиимни суҳбат нотиқон иброз доштанд, ки Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст. Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди Ватандустӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузаштаи хеш лозим аст, то тавонад, монеи чунин бадбахтиҳо гардад.